Пеш аз оғоз кардани омӯзиши ин дарс, хуб мешуд агар ду файли расми намуди JPG-ро ба каталоги Web-саҳифаатон нусха мебардоштед ва ба онҳо номҳои photo01.jpg ва photo02.jpg мебахшидед. Ин расмҳоро дар иҷрои машқҳо истифода мебаред. Нишондодҳои дар поён овардашуда расмро дар саҳифа автоматикӣ пайдо мекунанд, ба шарте, ки броузери Шумо ба инъикоси расм имконият диҳад.
Барои ҷойгир кардани расм дар саҳифа, нависед:
1. <IMG src='imagefile.ext'
ки дар ин ҷо IMG - теги инъикос кардани расм дар саҳифа, SRC - хосияти ин тег, ки кадом расм бояд инъикос шавад аниқ мекунад, imagefile.ext - роҳ, ном ва қисми иловагии файле, ки дар он расм нигоҳ дошта мешавад.
[2]. BORDER='n'
ки дар ин ҷо n - ғафсии чорчӯбаи гирди расм дар пикселҳо.
3. >.
Санҷида бинед, ки теги IMG бо хосияти BORDER бо қимати 4:
<IMG src='photo01.jpg' BORDER='4'>
ва бе он:
<IMG src='photo01.jpg'>
чӣ гуна натиҷа медиҳад.
Қайдҳо:
1. Агар хоҳед, ки расматон дар сатри ҷудогона пайдо шавад, аз тегҳои P ё BR истифода кунед.
2. Расмҳое, ки дар гиперишораҳо истифода шудаанд, дар гирдашон аз рӯи хомушӣ (default) чорчӯбаи кабуд доранд. Агар ин чорчӯба зарур набошад, BORDER='0' нависед.
3. Барои он ки хонанда инъикоси пурраи саҳифаро аз ҳад зиёд интизор нашавад, маслиҳат дода мешавад, ки ҳосили ҷамъи андозаи файлҳои расмхо аз ҳадд зиёд набошад. Чӣ қадар будани ин ҳадд худ саволи кушода аст.
4. Мафҳумҳои "андозаи файли расм" ва "андозаи расм" гуногунанд. Андозаи файли расм (1 адад) нишон медиҳад, ки ин файл дар хотира чӣ қадар байтро ишғол кардааст (воҳидҳояш: байт, килобайт, ...). Андозаи расм (2 адад) ин бар ва баландии расм (воҳидҳояш: пиксел, сантимерт, дюйм, ...) аст.
Матни шарҳдиҳанда
Баъзе броузерҳо имконияти инъикоси расмҳоро надоранд. Дигар броузерҳо имконияти инъикоси расмҳоро доранд, лекин суръати тамос бо Интернет чунон суст аст, ки хонанда инъикос накардани расмҳоро интихоб кардааст. Шумо метавонед, ки расмро бо матни шарҳдиданда ғанӣ гардонед, ки ин матн дар чунин броузерҳо дар ҷои расм пайдо мешавад ва ё ин матн ҳангоми ба расм бурдани ишоракунак ба воситаи "муш" намоён мегардад.
Барои илова кардани матни шарҳдиҳанда, нависед:
1. <IMG src='images/cm/imagefile.ext'
ки дар ин ҷо IMG - теги инъикос кардани расм дар саҳифа, SRC - хосияти ин тег, ки кадом расм бояд инъикос шавад аниқ мекунад, imagefile.ext - роҳ, ном ва қисми иловагии номи файле, ки дар он расм нигоҳ дошта мешавад.
2. ALT='
3. Матни шарҳдиҳанда.
4. '>.
Барои муайян кардани андозаи расм дар Web-саҳифа:
1. Файли расмро дар ягон редактори расмҳо кушода, андозаҳои онро (бар - width ва баландӣ - height) дар пикселҳо муайян кунед (навишта гиред, дар хотир гиред). Одатан барои ин Properties (хосиятҳо) ё Image Size (андозаи расм) мавҷуданд.
2. Дар html-файл, дар ҷое, ки расм бояд пайдо шавад, нависед:
<IMG src='imagefile.ext'
ки дар ин ҷо IMG - теги инъикос кардани расм дар саҳифа, SRC - хосияти ин тег, ки кадом расм бояд инъикос шавад аниқ мекунад, imagefile.ext - роҳ, ном ва қисми иловагии номи файле, ки дар он расм нигоҳ дошта мешавад.
3. WIDTH='x ' HEIGHT='y'
ки дар ин ҷо x - бари расм дар пикселҳо ва y - баландии расм дар пикселҳо, ки дар қадами 1 муайян кардед. Албатта, x ва y-ро тағйир дода, андозаҳои расми инъикосшавандаро низ тағйир додан мумкин аст.
[4]. Хосиятҳои дигари теги IMG.
5. >.
Нигаред ба истифодаҳои теги IMG бо WIDTH ва HEIGHT:
<IMG src='photo01.jpg' WIDTH='180' HEIGHT='1800'>
<IMG src="/tj/photo01.jpg" WIDTH="350" HEIGHT="350">
<IMG src='photo01.jpg' WIDTH='600' HEIGHT='50'>
Барои имконпазир гаштани матн дар паҳлӯи чап ё рости расм, нависед:
1. <IMG src='imagefile.ext'
2. ALIGN='left', агар хоҳед, ки расм дар тарафи чапи саҳифа бошаду матн аз паҳлӯи рости он
ё ALIGN='right', агар хохед, ки расм дар тарафи рости саҳифа бошаду матн аз паҳлӯи чапи он
[3]. Хосиятҳои дигари теги IMG.
4. >.
Агар омадани матн дар паҳлӯи расмро қатъ кардан хоҳед, аз
<BR CLEAR='all'>
истифода кунед.