Расмҳои барои Web офаридашуда мисли расмҳое, ки барои чоп дар қоғаз офарида шудаанд, бояд зебо, баландсифат ва мазмундор бошанд. Лекин 5 омили асосӣ мавҷуданд, ки ба онҳо ҳангоми тайёр намудани расм барои Web-саҳифа аҳамият додан зарур аст.
1. Намуди файли расм (format)
Вақте ки расмро барои чоп дар қоғаз тайёр мекунанд, дар бораи он ки ин расмро хонанда бо чӣ тамошо мекунад фикр намекунанд. Дар ин ҳолат олот яктост - чашми инсон. Лекин вақте ки расм барои Web тайёр карда мешавад, донистан зарур аст, ки Web-саҳифаро миллион хонандаҳо аз канорҳои гуногуни дунё дар оинаи компютерҳое, ки таҳти идораи системаҳои оператсионии гуногун кор мекунанд, мебинанд. Яъне расми дар Web-саҳифа ҷойгирбуда дар файле, ки намудашро ҳамаи ин компютерҳо мешиносанд, бояд сохта шавад. Дар замони ҳозира ду намуд дар Web асосан истифода мешаванд: GIF ва JPEG(JPG). Боз як намуд PNG ба аксарияти броузерҳо шинос аст. Хулоса, агар Шумо барои Web ягон расм тайёр карданӣ бошед, дар редактори расмҳо онро баъди коркард бо қисми изофагии .gif, .jpg ё .png сабт карданатон зарур аст. Инчунин дар замони ҳозира файлҳои flash-аниматсия низ хело машҳуранд.
2. Суръат (speed)
Ин омил хусусияти хосу фарқкунандаи Web-расмҳо мебошад. Барои он ки Web-расмро хонанда бинад, ӯ бояд интизор шавад, ки ин расм ба компютери ӯ нусха бардошта шавад (download). Аён аст, ки аз ин хосият расмҳои дар қоғаз чопшуда холисанд. Дар рӯзномае, ки дар даст доред, пайдо шудани расмро интизор намешавед-ку?!
Чӣ бояд кард, ки хонанда ба қадри имкон камтар интизор шавад? Роҳ дар замони ҳозира яктост - ин хурд кардани андозаи файли расм. Яъне чӣ қадаре, ки байтҳояш камтар бошанд, расм ҳамон кадар тезтар пайдо мешавад. Масъалаи хурд кардани андозаи файл малакаю маҳорат ва чанде дониш дар бораи расмҳои компютерӣ ва кор дар редактори расмҳоро металабад.
Фақат гуфта мегузарем, ки агар расмро дар компютер бо истифодаи то 256 ранг тайёр карда бошед, одатан, сабти он дар намуди GIF бо баробари нигаҳ доштани сифати хуб андозаи хурдтаринро медихад. Барои суратҳо (photograph) ва расмҳое, ки микдори зиёди рангҳоро истифода мекунанд, намуди JPEG-ро истифода баред беҳтар аст.
3. Ранг (color)
Маҷмӯаи рангҳои (palette) дар Web-расм истифода мешудагӣ начандон калон аст. Хуб аст, ки дар редактори расмҳои худ қисмеро, ки кор фақат бо рангҳои Web-ро таъмин мекунад, ёбед.
Масалан, агар Шумо расми худро дар монитори 32-бита бе назардошти Web-рангҳо тайёр кунеду хонанда монитори 8-бита дошта бошад, рангҳое, ки монитори ӯ инъикос карда наметавонанд бо рангҳои дигари тақрибан монанд иваз карда мешаванд. Ин амал dithering ном дорад, ки натиҷаи он на ҳамавақт зебо аст.
Фарқи ин ду расмро ҳис кунед:
4. Шаффофият (transparency)
Эффекти шаффоф будани расмро бо мақсадҳои гуногун истифода кардан мумкин аст. Расмҳоро болои ҳамдигар гузошта, натиҷаҳои аҷоибро ҳосил кардан мумкин аст. Ё ки расмҳои шаффоф ҳиссиёти барҷастагиии саҳифаро дода метавонанд. Мисол, як расми шаффорро дар заминаҳои гуногун бинед:
GIF ва PNG имконияти нигоҳ доштани файлҳои шаффофро доранд. Файли намуди JPEG шаффоф буда наметавонад.
5. Расмҳои зинда (animation)
Дар ин ҷо калимаи "зинда" ба маънои "ҳаракаткунанда, тағйирёбанда" истифода шудааст, ки чунин намуд расмҳоро дар ягон рӯзнома ё маҷаллаи қоғазӣ ба наздикӣ намебинем. Лекин дар Web-бошад, онҳо дар ҳар қадам вомехӯранд. Мисол:
GIF-файлҳо дорои аниматсия ё ки "зинда" буда метавонанд. Инчунин, технология Flash низ имконияти ғании ҷойгир намудани аниматсия дар web-саҳифаро медиҳад.
Калимаи "пиксел", ки аз ихтисори "PICture ELement" омадааст, ҳангоми кор бо расмҳо бисёр истифода мешавад. Пиксел ин нуқтаи ҷудогонаи расм аст. Расм ба миллионҳо пикселҳои рангае, ки дар сатру сутунҳо чида шудаанд, тақсим карда мешавад. Монитор ин пикселҳоро дар сатру сутунхо ҳамин хел ҷафс мечинад, ки ба чашми одамӣ онҳо ҳамчун як расми том менамоянд. Расм, мисли ҳар гуна маълумот, дар компютер ҳамчун маҷмӯи битҳо нигоҳ дошта мешавад. Барои нигоҳ доштани як пиксел миқдори гуногуни битҳо истифода шуданашон мумкин. Ин миқдор чанд хел ранг ва ё ки чанд намуди ранги хокистарӣ барои инъикоси расм истифода мешаванд муайян мекунад. Миқдори битҳои барои инъикоси ҳар як пиксел истифодашаванда "чуқурии ранг" (color depth) номида мешавад.
Масалан, дар реҷаи 8-бита монитор барои ҳар як пиксел 8-битро истифода мекунад. Ин имконият медихад, ки 28=256-то рангҳои гуногун ва ё намудҳои ранги хокистарӣ инъикос шаванд.
Сифати инъикоси расм аз он низ вабаста аст, ки система чӣ қадар пикселро дар як вақт дар бар ва баландии монитор инъикос карда метавонад (resolution) ва чанд бит барои инъикоси ҳар яки ин пикселҳо истифода шуда метавонад.
Масалан, мониторҳои системаи VGA 640 пиксел дар бар ва 480 пиксел дар баландӣ, яъне қариби 300 ҳазор пикселро дар як вақт инъикос мекунанд; мониторхои системаи SVGA 800 бар 600, яъне қариби 480 ҳазор пикселро дар як вақт инъикос мекунанд; мониторҳои системаи True Color барои як пиксел 24 битро истифода мекунанд, ки ин зиёда аз 16 миллион рангҳои гуногун аст.