HTML ин забони компютериест, ки барои сохтани Web-саҳифаҳо офарида шудааст. Он саҳифаҳоро ҳар касе, ки ба ӯ Интернет дастрас аст, тамошо карда метавонад. Ин забон аз ҷиҳати имкониятҳояш пурқувват ва барои омӯзиш нисбатан содда аст. HTML таҳти роҳбарии ташкилоти W3C мунтазам зери танқид карор дорад, ки ин гарави инкишофёбии ин забон ва мутобиқшавии он ба дархосту талаботҳои истифодабарандагони Интернет, ки миқдорашон сол аз сол меафзояд, мебошад.

HTML чунин шарҳ дода мешавад: HyperText Markup Language.

HyperText ин услубест, ки ба воситаи он мо дар Интернет саёҳат карда метавонем. Ҳангоми пахш намудани тугмачаи "муш" дар матнҳои махсус, ки гиперишора (hyperlink) номида мешаванд, гузариш ба саҳифаи дигар ба амал меояд. Аслан, "гипер" маънои "ғайрихаттӣ"-ро дорад. Яъне Шумо метавонед ба ҷои дилхоҳи Интернет гузаред, пайдарпаии муайяншудаи гузаришҳо мавҷуд нест.

Markup ин амале, ки тегҳои (tags) HTML аз болои матни байнашон воқеъбуда иҷро мекунанд. Тегҳо кайд мекунанд, ки ин матн махсус аст. Масалан, матни курсив ё сурх.

HTML - ин забонест, ки соҳиби қоидаҳо ва калимаҳои махсуси худ аст. Калимаҳои махсуси он, яъне тегҳо, дар файли оддии матнӣ дар қатори калимаҳое, ки онҳоро муаллифи сайт барои хонандаи сайт инъикос кардан мехоҳад, навишта мешаванд. Баъд, ин файли матни ҳамчун html-файл сабт карда мешавад. html-файл ин файли дорои қисми изофагии (extension) htm ё html. Ҳангоми сохтани чунин файл хуб аст, ки қисми изофагии он бо ҳарфҳои хурд навишта шавад. Яъне номи page01.htm беҳтар аст аз page01.HTM.

Донистан зарур аст, ки тегҳо дар коди HTML дохили қафсҳои кунчӣ < ва > навишта мешаванд. Маҳз тегҳо барои инъикоси расмҳо ё ҷадвалҳо ва ё аҷоиботҳои дигар дар web-саҳифа ҷавобгаранд.

Як қатор тегҳо ҷуфтанд. Яъне баъди омадани теги кушоянда теги маҳкамкунанда низ бояд дар ягон қисми коди web-саҳифа навишта шавад.

Масалан, тегҳои <HTML> ва </HTML> ҷуфтанд. <HTML> - теги кушоянда, </HTML> - теги маҳкамкунанда. Тегҳои <SUB> ва </SUB> низ ҷуфтанд. <SUB> - теги кушоянда, </SUB>- теги маҳкамкунанда. Аён аст, ки теги маҳкамкунанда аз кушоянда бо мавҷуд будани рамзи хати каҷ "/" пеш аз номи тег фарқ мекунад.

Аксарияти тегҳо хосиятҳо (attributes) доранд. Хосиятҳо ба тарзи амали тег таъсир мекунанд. Хосият баъди номи тег ва пеш аз қафси кунҷии маҳкамкунанда > навишта мешавад. Агар якчанд хосиятҳои тегро истифода бурдан лозим бошад, хосиятҳо аз ҳам ҷудо навишта мешаванд.

Дар навбати худ, хосиятҳои тег қиматҳои гуногунро кабул карда метавонанд. Барои ба хосияти тег қимат бахшидан, баъди номи хосият инҳоро бояд навишт:
1. рамзи баробари (=);
2. рамзи нохунак (");
3. қимате, ки онро ба хосият бахшидан зарур аст;
4. рамзи нохунак (").

Масалан, дар <FONT SIZE="+2" COLOR="red">:
FONT - тег,
SIZE - хосият,
+2 - қимат,
COLOR - хосият,
red - қимат
мебошанд.

Барои оғози кор дар компютери Шумо бояд ягон броузер бошад. Масалан, Internet Explorer, Opera, Mozilla. Хуб аст, ки якто броузер не, балки якчандто дошта бошед. Инҳо барои санҷидани кори сайти Шумо дар шароитҳои гуногун даркор мешаванд. Инчунин ягон таҳриргари матн ба монанди Блокнот (Notepad) барои навиштани мӯҳтавои сайту тегҳои он зарур аст. Боз маслиҳат медиҳам, ки ягон каталогеро созед, ки дар он файлҳои сайтатонро нигаҳ медореду байни файлҳои дигар гум намекунед.

Агар Шумо хоҳиши Web-усто шуданро дошта бошед, зарур аст, ки машқҳои минбаъдаро бо дастони худ иҷро намуда, бо чашми худ бинед, бо ақли худ санҷед. Ҳадафи дигари ин дастур он аст, ки азхуд кардани он ба Шумо дар таҳлили Web-сайтҳои тайёри дигарон иншоъ намуда кӯмак мекунад.

Дар аввал тегҳои асосиро азхуд мекунем. Ҳангоми кор накардани ягон қисми код, матнро бодиққат аз нав хонед ва кӯшиш кунед, ки нишондодҳоро бе хатогӣ иҷро намоед.