Оғози кор бо Web-саҳифа
1. Дар редактори матнӣ (Notepad - Блокнот, Notepad++, PHP Editor ва ё дигар) файлеро бо қисми иловагии номаш .html (ё .htm) созед.
2. Дар редактори матнӣ файли дар пункти 1 сохтаро кушоед ва дар сатри аввалаш ин коди Web-саҳифаро нависед:
<!DOCTYPE HTML>
3. Дар сатри дигар нависед:
<HTML>
4. Қисмҳои боқимондаи саҳифа ин ҷо навишта мешаванд.
5. Дар сатри охирон нависед:
</HTML>

Коди аксарияти Web-саҳифаҳо ба ду қисм ҷудо карда мешавад: сар (HEAD) ва тана (BODY). Дар қисми "сар" маълумоти ёрирасони барои кори броузер зарур буда навишта мешавад. Ягона элементи сар, ки ба хонанда намудор мешавад ин сарлавҳа (TITLE) мебошад.

Барои ташкили сар ва сарлавҳа нависед:
1. Бевосита баъди сатре, ки дар он теги HTML навишта шудааст:
<HEAD>
2. <TITLE>
3. Матне, ки дар сарлавҳа дидан мехохед.
4. </TITLE>
5. </HEAD>

Барои ташкили тана нависед:
1. Бевосита баъди сатре, ки дар он теги /HEAD навишта шудааст:
<BODY>
2. Ҳамаи он чизе, ки дар Web-саҳифа бояд бошад.
3. </BODY>

Инак, муқоиса кунед, ки матни файли Шумо ба зерин монанд аст ё не:

<!DOCTYPE HTML> 
<HTML>
<HEAD>
<meta charset='utf-8'/>
<TITLE>
Матне, ки дар сарлавҳа дидан мехоҳед.
</TITLE>
</HEAD>
<BODY>
Ҳамаи он чизе, ки дар Web-саҳифа бояд бошад.
</BODY>
</HTML>

Файлро сабт ва маҳкам кунед. Броузери худро ба кор андохта, html-файли сохтаатонро кушода бинед.

Ана! Web-саҳифаи аввалин ҳаст.

Қайдҳо:
1. Тегхои HTML, HEAD, TITLE ва BODY дар тамоми саҳифа танҳо як ҷуфт бояд бошанд.
2. Сарлавҳа дар худ ягон матни ороиш додашуда ё ишора ба саҳифаи дигарро дошта наметавонад.
3. Хуб аст, агар сарлавҳаҳои ҳамаи саҳифаҳои як сайт бо қисми умумӣ сар шаванд, барои таъмини ҳиссиёти томият. Масалан, Ширкати Офтоб.com - ...
4. Файли сохтаатонро нусха бардошта (copy), ҳамчун қолаби ибтидоии саҳифаҳои минбаъда истифода карда метавонед.