Аз як тараф, Web-сайти хуб бояд, ки маълумоти зиёду муфид дошта бошад. Аз тарафи дигар, хонандаи сайт набояд, ки дар ин ғарами маълумот ғарқ шавад. Яъне дастрас намудани маълумоти зарурӣ бояд, ки осон бошад. Фреймҳо (frames) имкон медиҳанд, ки сохтори барои гузариш қулай ташкил карда шавад.

Бо тақсим намудани саҳифа, ки онро фреймсет (frameset) меноманд, ба қисмҳо, ки онҳоро фреймҳо меноманд, дар як экран Шумо метавонед якчанд Web-саҳифаро ҷойгир кунед. Ҳар як фрейм html-файли алоҳида аст ва, умуман гуем, онро дар экрани алоҳида тамошо кардан мумкин аст.

Дар як вақт дар як экран мавҷуд будани якчанд Web-саҳифа, созандаи сайтро маҷбур мекунад, ки онҳоро мантиқан пайваст кунад.

Ҳангоми кор бо фреймҳо чунин қиёс ҷой дорад. Разанаро (window) ҳамчун як сатҳи ҳамвор фарз кунед, ки онро бо матоъ пӯшонидан зарур аст. То ин дам мо он сатҳро гуё, ки бо як матои яклухт мепӯшидем. Истифодаи фреймҳо имконияти пӯшидани сатҳро бо парчаҳои гуногуни матоҳои гуногунро медиҳад. Фақат донистан зарур аст, ки парчаҳо росткунҷашакланд.

Дар аввал саҳифае месозем, ки аз се қисми мустақили горизонталӣ иборат аст. Барои ин Шумо бояд се Web-саҳифаи дилхоҳ созед ва ба онҳо top.htm, middle.htm ва bottom.htm ном гузоред. Баъд як файли наву тоза бо номи namuna1.htm созед.

Барои сохтани ин фреймсети содда, дар namuna1.htm нависед:
1.<!DOCTYPE HTML PUBLIC "-//W3C//DTD HTML 4.0 Frameset//EN">
2. Дар сатри дигар нависед:
<HTML>
3. Бевосита баъди сатре, ки дар он теги HTML навишта шудааст:
<HEAD>
4. <TITLE>
5. Матне, ки дар сарлавҳа дидан мехоҳед.
6. </TITLE>
7. </HEAD>
8. Бевосита баъди сатре, ки дар он теги /HEAD навишта шудааст:
<FRAMESET ROWS='a
ки дар ин ҷо a баландии қисми якум. Ин баландиро дар намуди фоизҳо (%), аниқ бо пикселҳо муайян кардан мумкин аст. Боз ба a ситорачаро (*) бахшидан мумкин аст, ки ин амал баландии ин сатрро аз баландии сатрҳои дигар вобаста мекунад.
9. ,b, ки дар ин ҷо b баландии қисми дуюм. Ин баландиро дар намуди фоизҳо (%) ё бо пикселҳо муайян кардан мумкин аст. Боз ба b ситорачаро (*) бахшидан мумкин аст, ки ин амал баландии ин сатрро аз баландии сатрҳои дигар вобаста мекунад.
10. Кадами 9-ро барои ҳар як сатри минбаъда иҷро кунед.
11. '> барои ба итмом расонидани тақсимот.
12. <FRAME барои ҳар як кисми (фрейми) сохтаамонро ба ягон Web-саҳифаи мустақил пайваст кардан.
13. NAME='name'
ки дар ин ҷо name - ягон калима, ки ҳамчун номи кисм (фрейм) хизмат мекунад. Ин "name" - ном ба мо дар қадамҳои минбаъда зарур мешавад. Мисоли номҳо: fr_top, contents, banner.
14. src='content.htm'
ки дар ин ҷо content.htm - ин URL-и Web-саҳифае, ки дар ин қисм дар ибтидо инъикос мегардад.
15. > барои ба итмом расонидани таксимот.
16. Қадамҳои 12-15-ро барои ҳар як фрейме, ки дар қадамҳои 8-11 муайян шуда буданд, такрор кунед.
17. </FRAMESET>

Инак, муқоиса кунед, ки матни файли namuna1.htm ба зерин монанд аст ё не:

<!DOCTYPE HTML PUBLIC "-//W3C//DTD HTML 4.0 Frameset//EN"> 
<HTML>
<HEAD>
<TITLE>
Матне, ки дар сарлавҳа дидан мехоҳед.
</TITLE>
</HEAD>
<FRAMESET ROWS="50,*,50">
<FRAME NAME='fTop' src='top.htm'>
<FRAME NAME='fMiddle' src='middle.htm'>
<FRAME NAME='fBottom' src='bottom.htm'>
</FRAMESET>
</HTML>

Ин чор файлро дар як каталог ҷойгир кунед ва namuna1.htm-ро бо броузер тамошо кунед.

Акнун саҳифае месозем, ки аз се қисми мустақили вертикалӣ иборат аст. Барои ин Шумо бояд се Web-саҳифаи дилхоҳ созед ва ба онҳо left.htm, center.htm ва right.htm ном гузоред. Баъд як файли наву тоза бо номи namuna2.htm созед.

Барои сохтани ин фреймсет, дар namuna2.htm нависед:
1.<!DOCTYPE HTML PUBLIC "-//W3C//DTD HTML 4.0 Frameset//EN">
2. Дар сатри дигар нависед:
<HTML>
3. Бевосита баъди сатре, ки дар он теги HTML навишта шудааст:
<HEAD>
4. <TITLE>
5. Матне, ки дар сарлавҳа дидан мехоҳед.
6. </TITLE>
7. </HEAD>
8. Бевосита баъди сатре, ки дар он теги /HEAD навишта шудааст:
<FRAMESET COLS='a
ки дар ин чо a бари қисми якум. Ин барро дар намуди фоизҳо (%) ё аниқ бо пикселҳо муайян кардан мумкин аст. Боз ба a ситорачаро (*) бахшидан мумкин аст, ки ин амал бари ин сутунро аз бари сутунҳои дигар вобаста мекунад.
9. ,b, ки дар ин ҷо b бари қисми дуюм. Ин барро дар намуди фоизҳо (%) ё бо пикселҳо муайян кардан мумкин аст. Боз ба b ситорачаро (*) бахшидан мумкин аст, ки ин амал бари ин сутунро аз бари сутунҳои дигар вобаста мекунад.
10. Қадами 9-ро барои ҳар як сутуни минбаъда иҷро кунед.
11. '> барои ба итмом расонидани тақсимот.
12. <FRAME барои ҳар як қисми (фрейми) сохтаамонро ба ягон Web-саҳифаи мустақил пайваст кардан.
13. NAME='name'
ки дар ин ҷо name - ягон калима, ки ҳамчун номи қисм (фрейм) хизмат мекунад.
14. src='content.htm'
ки дар ин ҷо content.htm - ин URL-и Web-саҳифае, ки дар ин қисм дар ибтидо инъикос мегардад.
15. > барои ба итмом расонидани тақсимот.
16. Қадамҳои 12-15-ро барои ҳар як фрейме, ки дар қадамҳои 8-11 муайян шуда буданд, такрор кунед.
17. </FRAMESET>

Инак, муқоиса кунед, ки матни файли namuna2.htm ба зерин монанд аст ё не:

<!DOCTYPE HTML PUBLIC "-//W3C//DTD HTML 4.0 Frameset//EN"> 
<HTML>
<HEAD>
<TITLE>
Матне, ки дар сарлавҳа дидан мехоҳед.
</TITLE>
</HEAD>
<FRAMESET COLS="150,*,150">
<FRAME NAME='fLeft' src='left.htm'>
<FRAME NAME='fCenter' src='center.htm'>
<FRAME NAME='fRight' src='right.htm'>
</FRAMESET>
</HTML>

Мисоли фреймсете, ки дар он ҳам сатрҳо ва ҳам сутунҳо мавҷуданд:

<!DOCTYPE HTML PUBLIC "-//W3C//DTD HTML 4.0 Frameset//EN"> 
<HTML>
<HEAD>
<TITLE>
Матне, ки дар сарлавҳа дидан мехохед.
</TITLE>
</HEAD>
<FRAMESET ROWS="50,*">
<FRAME NAME='fTop' src='top.htm'>
<FRAMESET COLS="200,*">
<FRAME NAME='fLeft' src='left.htm'>
<FRAME NAME='fCenter' src='center.htm'>
</FRAMESET>
</FRAMESET>
</HTML>

Мисоли дигари фреймсете, ки дар он ҳам сатрҳо ва ҳам сутунҳо мавҷуданд:

<!DOCTYPE HTML PUBLIC "-//W3C//DTD HTML 4.0 Frameset//EN"> 
<HTML>
<HEAD>
<TITLE>
Матне, ки дар сарлавҳа дидан мехоҳед.
</TITLE>
</HEAD>
<FRAMESET COLS="200,*">
<FRAME NAME='fLeft' src='left.htm'>
<FRAMESET ROWS="150,*,150">
<FRAME NAME='fLeft' src='left.htm'>
<FRAME NAME='fCenter' src='center.htm'>
<FRAME NAME='fRight' src='right.htm'>
</FRAMESET>
</FRAMESET>
</HTML>

Қайд. Дар HTML5 тегҳои FRAME ва FRAMESET истифода бурда намешаванд. Барои таъмини ҳамҷоягӣ (compatible) бо HTML5 аз теги IFRAME истифода бурдан мумкин аст.