Амалҳои мантиқии Ҷорҷ Бул имконияти сохтани операторҳои мураккаби мантиқиро медиҳанд. Амали мантиқии NOT чунин муайян шудааст:
X | NOT X |
---|---|
FALSE | TRUE |
TRUE | FALSE |
Амали мантиқии AND чунин муайян шудааст:
X | Y | X AND Y |
---|---|---|
FALSE | FALSE | FALSE |
FALSE | TRUE | FALSE |
TRUE | FALSE | FALSE |
TRUE | TRUE | TRUE |
Амали мантиқии OR чунин муайян шудааст:
X | Y | X OR Y |
---|---|---|
FALSE | FALSE | FALSE |
FALSE | TRUE | TRUE |
TRUE | FALSE | TRUE |
TRUE | TRUE | TRUE |
Операторҳои PHP, ки ба ин амалҳои мантиқӣ баробарқувваанд:
Амали Бул | Оператори PHP | Мисол |
---|---|---|
NOT | ! | NOT(x) ин !x |
AND | && | (b>0)AND(b<5) ин (b>0)&&(b<5) |
OR | || | (a<0)OR(a>5) ин (a<0)||(a>5) |
Мумкин аст, ки комбинатсияи якчанд операторҳои мантиқӣ истифода шавад. Дар хотир нигоҳ доштан зарур аст, ки амали ! (NOT) ҳама вақт пеш аз амалҳои || (OR) ва && (AND) иҷро карда мешавад. Амали && (AND) пеш аз || (OR) иҷро карда мешавад. Амали || (OR) баъд аз && (AND) иҷро карда мешавад.
Мисолҳо. !(1&&0) баробар аст ба TRUE, чунки аввал амали даруни қафсҳо иҷро карда мешавад ва он баробари 0 (FALSE) (нигаред ба ҷадвали AND), баъд амали !0 иҷро карда мешавад ва он ба TRUE баробар аст. Санҷед, ки қимати !(1||1&&0) ба FALSE баробар аст (амали AND пеш аз OR иҷро карда мешавад). Қимати !((1||1)&&0) ба TRUE баробар аст (аввал амали даруни қафсҳо буда иҷро карда мешавад).
Агар дар фаҳмадани ин мисолҳо душворӣ кашида истода бошед, алгебраи булиро камтар такрор кунед.
САВОЛҲО БАРОИ МУСТАҲКАМКУНӢ
1. Дар PHP кадом амалҳои мантиқиро медонед?
2. Қимати ифодаи мантиқии (1||!1)&&(0||!1) ба чӣ баробар аст? Фаҳмонед.
3. Қимати ифодаи мантиқии!(!(1||0)&&(0||!1)) ба чӣ баробар аст? Фаҳмонед.