Скриптҳое, ки мо дар дарсҳои гузашта дидем сохтори пайдарпайро соҳибанд, яъне ҳамаи амалҳои дар онҳо навишта шуда аз аввал то охир пайдарпай иҷро карда мешаванд. Тасвири сохтори идоракунандаи пайдарпай:
Оператори if имконият медиҳад, ки вобаста аз иҷро шудан ё иҷро нашудани шарти гузошташуда, барнома ба як қисми код ворид шавад ё нашавад. Яке аз асоситарин вазифаҳои оператори if ин дар асоси маълумоти истифодабаранда дохилнамуда интихоб кардани тарзи рафтори барнома мебошад. Масалан, вобаста аз сана баровардани ин ё он хабар дар экран, вобаста аз ҷавобҳои дохилнамуда муайян кардани баҳо.
Сохтори оператори if чунин аст:
if(шарт)
оператор;
Ҳангоми қимати шарт ба TRUE баробар шудан, оператор; иҷро карда мешавад. Агар зарур бошад, ки ҳангоми TRUE будани қимати шарт, якчанд операторҳо иҷро карда шаванд, қафсҳои фигуравиро истифода мекунанд:
if(шарт) {
оператор;
.........
оператор;
}
Тасвири сохтори идоракунандаи if:
(интихоби ягона)
Оператори else низ мавҷуд аст. Коди баъди else омада иҷро карда мешавад, агар қимати шарт дар оператори if ба FALSE баробар шавад. Ҳангоми қимати шарт дар оператори if ба TRUE баробар шудан, коди баъди оператори else омада иҷро карда намешавад:
if(шарт) {
оператор11;
...........
оператор1n;
}
else {
оператор21;
...........
оператор2n;
}
Тасвири сохтори идоракунандаи if-else:
(интихоби дуи)
Як мисолро дида мебароем. Дар аввал имконияти дохил намудани соли худро месозем:
form01.html
<html>
<body>
<h4>Пурсишномаи мо</h4>
<form action="namuna14.php" method="get">
Шумо чанд сола? <input type="text" name="sol" />
<p><input type="submit" value="Фирист!"/>
</form>
</body>
</html>
namuna14.php
<html>
<body>
<?php
$sol = $_GET['sol'];
if($sol<17)
echo "Шумо хело ҷавон ҳастед!";
else
echo "Марҳамат намоед!";
?>
</body>
</html>
Ҳангоми зиёд будани миқдори шартҳо аз шакли if-elseif-else низ истифода мебаранд, ки он чунин аст:
if(шарти1) {
оператор11;
...........
оператор1n;
}
elseif(шарти2) {
оператор21;
...........
оператор2n;
}
elseif(шарти3) {
оператор31;
...........
оператор3n;
}
...........
else {
операторn1;
...........
операторnn;
}
Мисол:
namuna15.php
<html>
<body>
<?php
$sol = $_GET['sol'];
if($sol<17)
echo "Шумо хело ҷавон ҳастед!";
elseif($sol<70)
echo "Шумо ҳоло пир нестед!";
elseif($sol==70)
echo "Шумо дар ҳақиқат пир ҳастед!";
else
echo "Шумо дар хакикат хело пир хастед!";
?>
</body>
</html>
Барои санҷидани namuna15.php дар form01.html номи ин скриптро нишон додан лозим аст.