Масъалаи 12. Агар АB = 1,8 м, AС = 1,3 м, BC = 3 м бошад, оё нуқтаи A, В, C дар як хати рост воқеъ мешаванд? Ҷавобро шарҳ диҳед.
Фарз мекунем, ки нуқтаҳои A, B, C дар хати рости a воқеъ мешаванд. Аз хосияти асосии мавқеи ҷойгиршавии нуқтаҳо дар хати рост мебарояд, ки яке аз се нуқтаҳои A, B, C байни дутои дигараш воқеъ аст.
Тасаввур мекунем, ки нуқтаи A байни нуқтаҳои B ва C воқеъ аст.
Аз хосияти асосии чен кардани порчаҳо мебарояд, ки BC = AB + AC. Мувофиқи шарти масъала AB = 1,8 м, AC = 1,3 м, BC = 3 м аст. Лекин
3 м \(\neq\) 1,8 м + 1,3 м
3 м \(\neq\) 3,1 м.
Яъне, нуқтаи A байни нуқтаҳои B ва C воқеъ нест.
Фарз мекунем, ки нуқтаи B байни нуқтаҳои A ва C воқеъ аст.
Аз хосияти асосии чен кардани порчаҳо мебарояд, ки AC = AB + BC. Мувофиқи шарти масъала AB = 1,8 м, AC = 1,3 м, BC = 3 м аст. Лекин
1,3 м \(\neq\) 1,8 м + 3 м
1,3 м \(\neq\) 4,8 м.
Яъне, нуқтаи B байни нуқтаҳои A ва C воқеъ нест.
Фарз мекунем, ки нуқтаи C байни нуқтаҳои A ва B воқеъ аст.
Аз хосияти асосии чен кардани порчаҳо мебарояд, ки AB = AC + BC. Мувофиқи шарти масъала AB = 1,8 м, AC = 1,3 м, BC = 3 м аст. Лекин
1,8 м \(\neq\) 1,3 м + 3 м
1,8 м \(\neq\) 4,3 м.
Яъне, нуқтаи C байни нуқтаҳои A ва B воқеъ нест.