Масъалаи 11. Нуқтаҳои А, В, С дар як хати рост воқеъ мебошанд. Агар АС = 7 м, ВС = 7,6 м бошад, оё нуқтаи В нуқтаҳои А ва С-ро ҷудо мекунад? Ҷавобро шарҳ диҳед.
Бигзор нуқтаҳои A, B, C дар як хати рост воқеъ бошанд. Фарз мекунем, ки нуқтаи B нуқтаҳои A ва C-ро ҷудо мекунад. Он гоҳ
AC = AB + BC (1).
Мувофиқи шарти масъала BC > AC аст. Азбаски дарозии порчаи дилхоҳ аз нол кало аст, пас AB > 0 мебошад. Аз ин ҷо
AB + BC > BC > AC,
он гоҳ
AC < AB + BC.
Ин ба баробарии (1) зид аст. Ин зиддият исбот мекунад, ки нуқтаи B нуқтаҳои A ва C-ро ҷудо намекунад.