Масъалаи 10. Нуқтаҳои А, В, С дар як хати рост воқеъ мебошанд. Агар АС = 5 см, ВС = 7 см бошад, оё нуқтаи В ба порчаи АС тааллуқ дорад? Ҷавобро шарҳ диҳед.
Ҳал. Агар тасаввур кунем, ки нуқтаи В ба порчаи АС тааллуқ дорад, онгоҳ мувофиқи аксиомаи 3 бояд, ки баробарии \(AC = AB + BC\) ҷой дошта бошад. Инчунин, мувофиқи аксиомаи 3 дарозии порчаи AB калон аз 0 аст. Яъне, \(5 < AB + 7\). Ин нобаробарӣ нишон медиҳад, ки фарзи мо нодуруст аст ва нуқтаи В ба порчаи АС тааллуқ надорад.