Масъалаи 1. 1) Хати рост гузаронед. Дар ин хати рост нуқтаи A–ро нишона кунед. Боз нуқтаи B–ро нишона кунед, ки дар ин хати рост воқеъ набошад.
2) Ду хати рости якдигарро бурандаи a ва b гузаронед. Буриши хатҳои ростро бо ҳарфи C ишора кунед. Дар хати рости a нуқтаи A-ро нишона кунед, ки дар хати рости b воқеъ нест. Нуқтаи D-ро нишона кунед, ки дар ҳеҷ ягон хатҳои рости a ва b воқеъ нест.

Ҳал.

Аввал, чунон ки дар расм тасвир ёфтааст, хати рост мекашем ва ба он бо ҳарфҳои лотинии хурди a номгузорӣ мекунем. Баъди ин, дар он нуқтаи A–ро тасвир мекунем. Нуқтаи B–ро, ки дар хати рости a воқеъ нест тасвир мекунем.