Масъалаи 4. Барои санҷидани дурустии хаткашак аз чунин тарз истифода мекунанд. Бо ёрии хаткашак аз ду нуқта хат мегузаронанд. Баъд хаткашакро чаппа карда, аз ҳамон нуқтаҳо боз хат мегузаронанд. Агар хатҳо ҳамҷоя нашаванд, хаткашак нодуруст будааст. Ин тарзи санҷиши дурустии хаткашак ба кадом хосияти хатҳои рост асос ёфтааст?
Ҳал. Агар ин ду хати рост ҳамҷоя нашаванд, ду хати рости ду нуқтаи буриш дошта ҳосил мешаванд. Мувофиқи ҳалли масъалаи 3-и §1 ин ғайри имкон аст. Яъне он ду хати рости тасвир кардаамон нодуруст ҳастанду хаткашак низ нодуруст аст.
Азбаски масъалаи 3 дар асоси аксиомаи 1 ҳал шудааст, пас, ин тарзи санҷиши дурустии хаткашак ба ҳамин аксиома (аксиома дар бораи ба ҳамворӣ тааллуқ доштани нуқтаҳо ва хатҳои рост) асос ёфтааст.