Масъалаи 3. Оё ду хати рост ду нуқтаи буриш доранд? Ҷавобро шарҳ диҳед.

Ҳал. Агар ду хати рост ду нуқтаи буриш медошт, аз ин нуқтаҳо ду хати рост мегузашт. Ин номумкин аст, чунки аз ду нуқта фақат як хати рост гузаронидан мумкин аст (аз рӯи аксиома дар бораи ба ҳамворӣ тааллуқ доштани нуқтаҳо ва хатҳои рост). Пас, ду хати рост ду нуқтаи буриш дошта наметавонанд.