Масъалаи 2. Дар варақи қоғаз ду нуқтаеро нишона кунед. Аз ин нуқтаҳо дастӣ хати рост гузаронед. Бо ёрии хаткашак дурустии сохтанро санҷед.
Нишондод. Барои бо хаткашак санҷидани дурустии хати рости дастӣ кашидашуда, чунин амалиётро иҷро мекунанд: Дар хати рости кашида ду нуқтаро интихоб мекунанд. Аз ин ду нуқта бо хаткашак хати рост мегузаронанд. Агар хати рости дастӣ кашидашуда бо хати рости бо хаткашак кашидашуда ҳамҷоя шаванд, маълум мешавад, ки хати рости дастӣ кашидашуда дуруст аст.
Ҳал.