Периметр (ҳосили ҷамъи тарафҳо)-и секунҷаи баробарпаҳлу ба 1 м ва асосаш ба 0,4 м баробар аст. Дарозии тарафҳои паҳлуиро ёбед.

Ҳал. Аз периметри секунҷа (1 м) дарозии асосро тарҳ мекунем:
\(1 м - 0,4 м = 0,6 м\).
Яъне аз ҳосили ҷамъи се тарафҳои секунҷа дарозии асосро тарҳ кардем.

Азбаски дар секунҷаи баробарпаҳлу тарафҳои паҳлуӣ баробаранд, пас барои ёфтани дарозии як тарафи пуҳлуӣ 0,6 м-ро ба 2 тақсим мекунем: 0,6 м : 2 = 0,3 м.

Ҷавоб. Дарозии тарафҳои паҳлуӣ 0,3 м аст.