Порчаҳо \(AB\) ва \(CD\) дар нуқтаи \(O\), ки миёнаҷои ҳар яки онҳо мебошад, якдигарро мебуранд. Агар порчаи \(AC = 10 м\) бошад, порчаи \(BD\) чанд метр аст?

Ҳал.

Мувофиқи аломати якуми баробарии секунҷаҳо секунҷаҳои \(AOC\) ва \(BOD\) баробаранд. Дар ин секунҷаҳо кунҷҳои \(AOC\) ва \(BOD\), чун кунҷҳои амудӣ, баробаранд ва \(OA = OB, OC = OD\), чунки нуқтаи \(O\) миёнаҷои порчаҳои \(AB\) ва \(CD\) мебошад.

Аз баробарии секунҷаҳои \(AOC\) ва \(BOD\) натиҷа мебарояд, ки тарафҳои онҳо \(AC\) ва \(BD\) баробаранд. Азбаски мувофиқи шарти масъала \(AC = 10 м\) аст, пас \(BD = 10м\) мебошад.