Периметри секунҷаи баробарпаҳлу ба 7,5 м ва тарафи паҳлуӣ ба 2 м баробар аст. Асосро ёбед.

Ҳал. Дар секунҷаи баробарпаҳлу тарафҳои паҳлуӣ баробаранд. Барои ёфтани дарозии асоси ин секунҷа аз периметри он (ҳосили ҷамъи се тарафҳои секунҷа) дарозии тарафҳои паҳлуиро тарҳ менамоем:
\(7,5 м - 2 м - 2 м = 3,5 м\).

Ҷавоб. Дарозии асос 3,5 м аст.