Ҳосили ҷамъи ду кунҷе, ки дар натиҷаи якдигарро буридани ду хати рост ҳосил мешаванд, ба \(50^\circ\) баробар аст. Ҳар яки ин кунҷҳоро ёбед.
Ҳал. Ду кунҷе, ки дар натиҷаи якдигарро буридани ду хати рост ҳосил мешаванд, ё ҳамсоя ва ё вертикалӣ мебошанд. Ду кунҷи додашуда ҳамсоя буда наметавонанд, чунки суммаи онҳо ба \(50^\circ\) баробар асту суммаи кунҷҳои ҳамсоя ба \(180^\circ\) баробар аст. Пас, ду кунҷи додашуда вертикалӣ ҳастанд. Азбаски кунҷҳои вертикалӣ баробаранд ва суммаи кунҷҳои додашуда ба \(50^\circ\) баробар аст, пас ҳар яки кунҷҳои додашуда ба \(25^\circ\) баробар аст.