Муаллиф: Наимов А.Н., д.и.ф.м.
Теоремаи Ҳолмгрен. Бигзор функсияҳои \(a_{ij}^{(m)}, b_{ij}, c_i\) дар атрофи нуқтаи \((t_0,x_1^0,...,x_n^0)\) аналитикӣ бошанд. Он гоҳ, агар ҳалли бефосила дифференсиронидашавандаи масъалаи (2.1) - (2.2) мавҷуд бошад, ягона аст.
Теоремаи мазкур ягонагии ҳалли масъалаи Коширо бидуни аналитикӣ будани ҳал тасдиқ мекунад.
Теоремаҳои Ковалевская ва Ҳолмгрен ба тадқиқу омӯзиши ҳаматарафаи муодилаҳои дифференсиалӣ бо ҳосилаҳои хусусӣ ибтидо гузоштанд. Ғояҳои дар ин теоремаҳо ниҳонбуда минбаъд дар тадқиқотҳои як қатор олимон ба монанди Адамар, Карлеман, Петровский, Мишкис, Плис инкишоф дода шуда, боиси ташаккули зербинои назарияи муодилаҳои дифференсиалӣ бо ҳосилаҳои хусусӣ гардиданд.