In Tajik | In English |
Ман эълони шуморо аз рӯзнома (газета) дидам. | I saw your ad in the newspaper. |
Аз куҷо кор ёфтан мумкин аст? | Where can I find work? |
Ман хӯрок пухта (мошин ронда / дар компютер чоп карда / расм кашида) метавонам. | I can cook (drive a car / print on a computer / draw) |
Ман кор ёфтан мехоҳам. | I would like to find a job. |
Ман компютерҳоро (бухгалтерия / муҳосибӣ) хуб мефаҳмам. | I'm good at computers (in accounting). |
Ман се моҳ кор карда метавонам. | I can work for three months. |
Ман то сентябр кор карда метавонам. | I can work until September. |
Ман бегоҳҳо (рӯзҳои истироҳат / вақти дилхоҳ) кор карда метавонам. | I can work in the evenings (on weekends / anytime) |
Ман кори доимӣ (вақтинча) кофта истодаам. | I'm looking for a permanent job. |
Ман барои нимрӯз кор кофта истодаам. | I'm looking for a job for half a day. |
Ман барои рӯзи пурра кор кофта истодаам. | I'm looking for a full-time job. |
Ба ман ҳаргуна (дилхоҳ) кор лозим аст. | I need any work. |
Илтимос, маро ба кор гиред. Ман хело ғайрату кӯшиш мекунам. | Please, take me to work. I will try very hard. |
Айни ҳол ман дар ҳеҷ ҷой кор намекунам. | At the moment I do not work anywhere. |
Дар нисфирӯз ман танаффус дорам. | At noon I have a lunch break. |
Шумо ба соаташ (ба ҳар соаташ) чанд пул (сӯм) медиҳед? | How much do you pay per hour? |
Ман бояд андоз супорам? | Do I have to pay tax? |
Маош чӣ қадар аст? | What is the salary? |
Шумо кай маош мегиред? | When do you receive a salary? |
Ба ман ҳар ҳафта (ҳар моҳ) маош медиҳанд. | I get paid once a week (per month). |
Маоши ман то шаст ҳазор (60000) рубл дар як моҳ афзуд. | My salary has risen to sixty thousand (60,000) rubles a month. |
Маоши ман то панҷ (5) доллар дар як соат фаромад. | My salary dropped to five (5) dollars per hour. |
Ман кори маошаш хуб дорам. | I have a well-paid job. |
Шумо дар як рӯз чанд соат кор мекунед? | How many hours a day do you work? |
Ман рӯзи кории ҳаштсоата дорам. | I have an eight-hour day. |
Шумо корро соати чанд оғоз (сар) мекунед? | At what time do you start work? |
Кори ман соати ҳашти саҳар (8) оғоз меёбад (сар мешавад). | My work starts at eight (8) in the morning. |
Имрӯз то соати ҳафти бегоҳ кор мекунем (19:00). | Today we work until seven in the evening (19:00). |
Имрӯз (Фардо) ба ман рӯзи истироҳат аст. | Today (tomorrow) I have a day off. |
Ман ҳеҷ кор надорам. | I have nothing to do. |
Ман кори бисёре дорам. | I have a lot of work. |
Шумо ягон бор пештар бо ин машғул будед? | Have you ever done this before? |
Касби шумо чист? | What is your profession? |
Ман мактаби миёнаро хатм кардаам. | I graduated from high school. |
Ман маълумоти олӣ дорам. | I have a higher education. |
Ман иҷозатнома ба кор дорам. Мӯҳлаташ нагузаштааст. | I have a work permit. It is not overdue. |
Ман ихтисос дорам. | I have a qualification. |
Ман суғуртаи тиббӣ дорам. | I have medical insurance. |
Ман таҷрибаи корӣ дар соҳаи савдо дорам. | I have experience in trading |
Ман таҷрибаи корӣ дар компютер дорам. | I have experience working on the computer. |
Ман таҷрибаи кории пешхизмат (офитсиант) дорам. | I have experience as a waiter. |
Ман таҷрибаи кории мевачинӣ дорам. | I have experience in collecting fruits. |
Ман таҷрибаи кории рӯбучини биноҳоро дорам. | I have experience in cleaning the premises. |
Ман таҷрибаи кории нигоҳубини кӯдаконро дорам. | I have experience in childcare. |
Ман таҷрибаи кории сохтмончигиро дорам. | I have experience as a builder. |
Ман шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастам. Ман иҷозатнома барои корро (иҷозат ба корро) чӣ тавр гирам? | I am a citizen of the Republic of Tajikistan. How do I get a work permit? |
Иҷозатнома барои кор чанд пул аст? | How much does a work permit cost? |
Илтимос, намунаи аризаи гирифтани иҷозатнома барои корро диҳед. | Please give me a sample application for a work permit. |
Барои бе иҷозатнома кор кардан чӣ қадар ҷарима гузошта мешавад? | What penalty is imposed on a citizen for work without a work permit? |
Аслӣ (ҳақиқӣ) будани иҷозатномаи корро чӣ тавр санҷидан мумкин аст? | How to verify the authenticity of a work permit? |
Мӯҳлати амали иҷозатномаи кор чӣ қадар аст? | What is the validity of the work permit? |
Дар иҷозатномаи кор хатогӣ шудааст. Ман чӣ кор кунам? Чӣ кор кардан мумкин аст? | There was an error in the work permit. What should I do? What can be done? |
Фарқият байни патент ва иҷозатномаи кор дар чист? | What is the difference between a patent and a work permit? |
Ба ташкилоте, ки оиди шуғли расмии шаҳрвандони хориҷӣ хизмат мерасонад, муроҷиат намоед. | Contact the organization that provides services for the official employment of foreign citizens. |
Ба намоянда ваколатнома (доверенность) ва нусхаи ҳамаи ҳуҷҷатҳои шаҳрванди хориҷие, ки манфиатҳояшро ифода мекунад, лозим мешаванд. | The representative will need a power of attorney and copies of all documents of the foreign citizen, whose interests he represents. |
Ба шаҳрвандони Тоҷикистон иҷозатнома барои кор гирифтан зарур аст? | Do Tajik citizens need a work permit? |
Ба кӣ барои гирифтани иҷозатномаи кор рад шуданаш мумкин аст? | Who can be refused permission to work? |
Ба шахси ҳуқуқӣ барои коргари бе иҷозатнома барои кор чӣ қадар ҷарима гузошта мешавад? | What penalty is imposed on a legal entity for an employee without a work permit? |
Tajik-English Phrasebook. Job
- Информация о материале
- Категория: Tajik-English Phrasebook
- Просмотров: 1302