Яке аз кунҷҳое, ки дар натиҷаи якдигарро буридани ду хати рост ҳосил мешаванд, аз кунҷи дигараш 4 маротиба калон аст. Ин кунҷҳоро ёбед.
Ҳал. Ду кунҷе, ки дар натиҷаи якдигарро буридани ду хати рост ҳосил мешаванд, ё ҳамсоя ва ё вертикалӣ мебошанд. Ду кунҷи додашуда вертикалӣ буда наметавонанд, чунки яке аз онҳо аз дигараш 4 маротиба калон аст ва кунҷҳои вертикалӣ баробар ҳастанд. Пас, ду кунҷи додашуда ҳамсоя ҳастанду суммаи кунҷҳои ҳамсоя ба \(180^\circ\) баробар аст.
Ченаки дараҷагии кунҷи хурдро бо \(x\) ишорат мекунем. Он гоҳ ченаки дараҷагии кунҷи калон \(4x\) мешавад. Ҳосили ҷамъи кунҷҳо ба \(180^\circ\) баробар аст. Инак,
\(x + 4x = 180\)
\(5x = 180\)
\(x = 180 : 5\)
\(x = 36\)
Пас, кунҷҳои ҳамсоя ба \(36^\circ\) ва \(144^\circ\) баробар мебошанд.
Ҷавоб. \(36^\circ, 144^\circ, 36^\circ, 144^\circ\)