Яке аз кунҷҳое, ки дар натиҷаи буриши ду хати рост ҳосил мешаванд, ба \(30^\circ\) баробар аст. Кунҷҳои боқимондаро ёбед.
Ҳал. Яке аз кунҷҳое, ки ҳангоми буриши ду хати рост ҳосил мешавад, ба кунҷи додашуда вертикалӣ аст. Яъне, яке аз кунҷҳо ба \(30^\circ\) баробар аст.
Ду кунҷи боқимонда ба кунҷи додашуда ҳамсоя мебошанд. Яъне онҳо ба \(150^\circ (180^\circ - 30^\circ)\) баробар мебошанд.