Ду кунҷи ҳамсоя дода шудааст. Як кунҷ аз дигараш ду маротиба калонтар. Кунҷҳои ҳамсояро ёбед.
Ҳал. Ченаки дараҷагии кунҷи хурдро бо \(x\) ишорат мекунем. Он гоҳ ченаки дараҷагии кунҷи калон \(2x\) мешавад. Ҳосили ҷамъи кунҷҳо ба \(180^\circ\) баробар аст. Инак,
\(x + 2x = 180\)
\(3x = 180\)
\(x = 60\)
Пас, кунҷҳои ҳамсоя ба \(60^\circ\) ва \(120^\circ\) баробар мебошанд.