По-русски | По-таджикски |
Я видел ваше объявление в газете. | Ман эълони шуморо аз рӯзнома (газета) дидам. |
Где можно найти работу? | Аз куҷо кор ёфтан мумкин аст? |
Я умею готовить (водить машину/ печатать на компьютере / рисовать) | Ман хӯрок пухта (мошин ронда / дар компютер чоп карда / расм кашида) метавонам. |
Я хотел бы найти работу. | Ман кор ёфтан мехоҳам. |
Я хорошо разбираюсь в компьютерах (в бухгалтерии). | Ман компютерҳоро (бухгалтерия / муҳосибӣ) хуб мефаҳмам. |
Я смогу работать три месяца. | Ман се моҳ кор карда метавонам. |
Я смогу работать до сентября. | Ман то сентябр кор карда метавонам. |
Я могу работать по вечерам (по выходным / в любое время) | Ман бегоҳҳо (рӯзҳои истироҳат / вақти дилхоҳ) кор карда метавонам. |
Я ищу постоянную (непостоянную) работу. | Ман кори доимӣ (вақтинча) кофта истодаам. |
Я ищу работу на пол дня. | Ман барои нимрӯз кор кофта истодаам. |
Я ищу работу на полный рабочий день. | Ман барои рӯзи пурра кор кофта истодаам. |
Мне нужна любая работа. | Ба ман ҳаргуна (дилхоҳ) кор лозим аст. |
Пожалуйста, возьмите меня на работу. Я буду очень стараться. | Илтимос, маро ба кор гиред. Ман хело ғайрату кӯшиш мекунам. |
В настоящее время я нигде не работаю. | Айни ҳол ман дар ҳеҷ ҷой кор намекунам. |
В полдень у меня обеденный перерыв. | Дар нисфирӯз ман танаффус дорам. |
Сколько вы платите в час? | Шумо ба соаташ (ба ҳар соаташ) чанд пул (сӯм) медиҳед? |
Я должен платить налог? | Ман бояд андоз супорам? |
Какова зарплата? | Маош чӣ қадар аст? |
Когда Вы получаете зарплату? | Шумо кай маош мегиред? |
Мне платят раз в неделю (в месяц). | Ба ман ҳар ҳафта (ҳар моҳ) маош медиҳанд. |
Моя зарплата повысилась до шестидесяти тысяч (60000) рублей в месяц. | Маоши ман то шаст ҳазор (60000) рубл дар як моҳ афзуд. |
Моя зарплата упала до пяти (5) долларов в час. | Маоши ман то панҷ (5) доллар дар як соат фаромад. |
У меня хорошо оплачиваемая работа. | Ман кори маошаш хуб дорам. |
Сколько часов в день Вы работаете? | Шумо дар як рӯз чанд соат кор мекунед? |
У меня восьмичасовой рабочий день. | Ман рӯзи кории ҳаштсоата дорам. |
В какое время Вы начинаете работу? | Шумо корро соати чанд оғоз (сар) мекунед? |
Моя работа начинается в восемь (8) часов утра. | Кори ман соати ҳашти саҳар (8) оғоз меёбад (сар мешавад). |
Сегодня работаем до семи часов вечера (19:00). | Имрӯз то соати ҳафти бегоҳ кор мекунем (19:00). |
Сегодня (Завтра) у меня выходной. | Имрӯз (Фардо) ба ман рӯзи истироҳат аст. |
Мне нечего делать. | Ман ҳеҷ кор надорам. |
У меня много работы. | Ман кори бисёре дорам. |
Вы когда-либо прежде занимались этим? | Шумо ягон бор пештар бо ин машғул будед? |
Кто Вы по профессии? | Касби шумо чист? |
Я закончил среднюю школу. | Ман мактаби миёнаро хатм кардаам. |
У меня высшее образование. | Ман маълумоти олӣ дорам. |
У меня есть разрешение на работу. Оно не просрочено. | Ман иҷозатнома ба кор дорам. Мӯҳлаташ нагузаштааст. |
У меня есть квалификация. | Ман ихтисос дорам. |
У меня есть медицинская страховка. | Ман суғуртаи тиббӣ дорам. |
У меня есть опыт работы в торговле | Ман таҷрибаи корӣ дар соҳаи савдо дорам. |
У меня есть опыт работы на компьютере. | Ман таҷрибаи корӣ дар компютер дорам. |
У меня есть опыт работы официантом. | Ман таҷрибаи кории пешхизмат (офитсиант) дорам. |
У меня есть опыт работы по сбору фруктов. | Ман таҷрибаи кории мевачинӣ дорам. |
У меня есть опыт работы по уборке помещений. | Ман таҷрибаи кории рӯбучини биноҳоро дорам. |
У меня есть опыт работы по уходу за детьми. | Ман таҷрибаи кории нигоҳубини кӯдаконро дорам. |
У меня есть опыт работы строителем. | Ман таҷрибаи кории сохтмончигиро дорам. |
Я – гражданин Республики Таджикистан. Как мне получить разрешение на работу? | Ман шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастам. Ман иҷозатнома барои корро (иҷозат ба корро) чӣ тавр гирам? |
Сколько стоит разрешение на работу? | Иҷозатнома барои кор чанд пул аст? |
Дайте, пожалуйста, образец заявления о выдаче разрешения на работу. | Илтимос, намунаи аризаи гирифтани иҷозатнома барои корро диҳед. |
Какой штраф накладывается на гражданина за работу без разрешения на работу? | Барои бе иҷозатнома кор кардан чӣ қадар ҷарима гузошта мешавад? |
Как проверить подлинность разрешения на работу? | Аслӣ (ҳақиқӣ) будани иҷозатномаи корро чӣ тавр санҷидан мумкин аст? |
Каков срок действия разрешения на работу? | Мӯҳлати амали иҷозатномаи кор чӣ қадар аст? |
В разрешении на работу допущена ошибка. Мне что делать? Что можно сделать? | Дар иҷозатномаи кор хатогӣ шудааст. Ман чӣ кор кунам? Чӣ кор кардан мумкин аст? |
В чем разница между патентом и разрешением на работу? | Фарқият байни патент ва иҷозатномаи кор дар чист? |
Обратитесь в организацию, оказывающую услуги официального трудоустройства иностранных граждан. | Ба ташкилоте, ки оиди шуғли расмии шаҳрвандони хориҷӣ хизмат мерасонад, муроҷиат намоед. |
Представителю потребуются доверенность и копии всех документов иностранного гражданина, интересы которого он представляет. | Ба намоянда ваколатнома (доверенность) ва нусхаи ҳамаи ҳуҷҷатҳои шаҳрванди хориҷие, ки манфиатҳояшро ифода мекунад, лозим мешаванд. |
Нужно ли разрешение на работу гражданам Таджикистана? | Ба шаҳрвандони Тоҷикистон иҷозатнома барои кор гирифтан зарур аст? |
Кому может быть отказано в получении разрешения на работу? | Ба кӣ барои гирифтани иҷозатномаи кор рад шуданаш мумкин аст? |
Какой штраф накладывается на юридическое лицо за сотрудника без разрешения на работу? | Ба шахси ҳуқуқӣ барои коргари бе иҷозатнома барои кор чӣ қадар ҷарима гузошта мешавад? |
Русско-таджикский разговорник. Работа
- Информация о материале
- Категория: Русско-таджикский разговорник
- Просмотров: 7702