In Tajik | In English |
Ба мо шахси ҳақиқатан корозмудаи баландихтисос зарур аст. | We need a real professional with high qualifications. |
Ба мо мутахассиси таҷрибаи кориаш на кам аз як сол зарур аст. | We need a specialist with at least a year's experience. |
Маълумоти омориро овардан зарур аст? | Do I need to provide statistics? |
Шумо резюме (маърӯза / намоиш)-ро омода намудед? | Did you prepare a summary (report / presentation)? |
Ӯро ба сифати тарҷумон (мушовир / миёнрав) ба кор қабул кардаанд. | She was hired as an interpreter (consultant / intermediary). |
Ин ҳуҷҷатро пур кунед. Ягон чӣ пайдо шавад, ман ба шумо хабар медиҳам. | Fill out this form. I'll let you know if anything happens. |
Талабот ба таҷрибаи кории муҳосиб чӣ хел аст? | What are the requirements for work experience for an accountant? |
Талабот ба маълумоти адвокат чӣ хел аст? | What minimum education should a lawyer have? |
Тайёрии ҷисмонӣ барои ин хел кор чӣ гуна аст? | What should be the physical preparation in this work? |
Андозҳоро ман чӣ тавр бояд супорам? | How should I pay taxes? |
Нархи расонидан (бурда расонидан) ҷӣ қадар аст? | What is the cost of delivery? |
Арзиши тақрибии ин лоиҳа чӣ қадар аст? | What is the approximate cost of this project? |
Андоз ба арзиши иловагиро (НДС-ро) мо бояд супорем? | Do we have to pay VAT (Value Added Tax)? |
Ба мо чорабиниҳои рекламавӣ метавонанд лозим шаванд. | We may need an advertising campaign. |
Илтимос, ҳисоб карда навишта диҳед. Мо пардохт мекунем. | Please, write out the bill. We will pay you. |
Корхона муфлис (банкрот) шинохта шудааст. | The enterprise is declared bankrupt. |
Барои боркашонӣ чӣ қадар вақт меравад? | How long will it take to transport? |
Талабот ба маълумоти номзад ба ин вазифа хело баланд аст. | The requirements for the formation of a candidate for this position are very high. |
Ин супориш ба мо хело муҳим аст. | This order is very important for us. |
Супориши мо кай иҷро мешавад? | When will our order be completed? |
Шумо пешпардохт намудед? | Have you made an advance payment? |
Шумо бояд ки бо шартнома бодиққат шинос шавед. | You should carefully read the contract. |
Шумо шарти аҳдномаро (шартномаро) вайрон кардед. | You have violated the terms of the contract. |
Ба мо хурсандиовар аст, ки ҳама шартҳо иҷро шудаанд. | We are very pleased that all the conditions are met. |
Чилу се фоизи (43%) бозор азони мост. | We own forty-three percent (43%) of the market. |
Даромад имсол намоён кам шуд (афзуд). | Income this year markedly decreased (increased). |
Сармоягузор қаноатманд буд. / Сармоягузор қаноатманд набуд. | The investor was pleased. / The investor was unhappy. |
Ба мо танҳо технологияҳои иттилоотӣ (шабакаҳои алоқа / ғояҳои пешрав) шавқовар ҳастанд. | We are interested only in information technologies / communication channels / promising ideas. |
Пешбиниҳои шумо пурра амалӣ гаштанд. | Your forecasts were fully justified. |
Барои чунин ҳолат мо дигар шакли нақшаи равандро тайёр кардем. | For this situation, we have prepared another version of the process scheme. |
Ба мо се пешниҳод аз се таъминкунандаи гуногун лозиманд. | We need three offers from three different suppliers. |
Ба ин хусус ин бегоҳ зиёфат ташкил мекунем! | On this occasion we will arrange a banquet! |
Мо чунин шартро қабул карда наметавонем. Ин коррупсия аст! | We can not accept such condition. This is corruption! |
Tajik-English Phrasebook. Business
- Информация о материале
- Категория: Tajik-English Phrasebook
- Просмотров: 1192
- 1. Функции СУБД MySQL. Введение
- 1. Функции работы с классами/объектами. Введение
- 1. Функции преобразования кодировок iconv. Введение
- 1. Функции обработки строк. Введение
- 1. Функции для работы с регулярными выражениями. Введение
- 1. Функции для работы с массивами. Введение
- 1. Функции для работы с Oracle. Введение
- 1. Функции сжатия Bzip2. Введение
- 1. Функции сжатия Zlib. Введение
- 1. Управление функциями. Введение