In Tajik | In English |
Ман хона кофта истодаам. / Ман квартира ҷуста истодаам. | I'm looking for an apartment. |
Ман эълони шуморо аз рӯзнома (газета) хондам. | I read your ad in the newspaper. |
Ман аз рӯи эълони шумо дар рӯзнома (газета) омадам. | I came in your ad in the newspaper. |
Ман аз рӯи эълони шумо дар Интернет занг мезанам. | I'm calling on your ad on the Internet. |
Ба ман гуфтанд, ки мумкин шумо хонаи (квартираи) холӣ дошта бошед. | I was told that you probably have a vacant apartment. |
Ман хона ба иҷора гирифтаниам. | I want to find an apartment for rent. |
Ман хонаи дуҳуҷрагӣ ба иҷора гирифтанӣ ҳастам / Ман квартираи духонагӣ ба иҷора гирифтаниам. | I want to rent a two-room apartment. |
Ман онро дидан мехоҳам. | I would like to take a look at it. |
Рӯзи ҷумъа мешавад? | On Friday, ok? |
Дар кадом суроға? / Адресатон чӣ? | What address? |
Шартҳои шумо чӣ хеланд? | What are your conditions? |
Нархаш чанд аст? | What is the payment? |
Ҳар моҳ чанд сӯм/пул додан лозим аст? | How much is the monthly rate? |
Ҳозир чанд сӯм додан лозим? | How much should I pay now? |
Нархро пасттар карда метавонед? | Can you cut down the fee? |
Иҷорапулиро то санаи панҷуми ҳар моҳ супоридан лозим аст. | It will be necessary to pay for housing every month until the fifth day. |
Нархи гармкунӣ ба ин дохил мешавад? | Is heating included in the price? |
Чек дода метавонед? | Can you give a check? |
Хона (квартира) кай холӣ мешавад? | When will the apartment be vacated? |
Ман кай метавонам ба хона кӯчам (дароям)? | When can I enter? |
Шумо кай аз хона меравед? / Шумо кай кӯч мебардоред? | When do you want to move out? |
Телефонро истифода бурдан мумкин аст? | Can I use the phone? |
Ҳайвони хонагӣ нигоҳ кардан мумкин аст? | Can I have a pet? |
Ман боз як моҳи дигар истодан мехоҳам. | I want to stay for another month. |
Илтимос, хонаро рӯбучин намоед (кунед). | Please do the cleaning. |
Илтимос, тозагӣ ва интизомро риоя намоед. | Please keep clean and order. |
Илтимос, кран(яхдон/кондитсионер/диван)-ро таъмир кунед. | Please fix the faucet / fridge / air conditioning / sofa. |
Шишаи тиреза шикаста аст. | The window is broken. |
Ман инро накардаам. | I did not do this. |
Вақте ки ман омадам, ин алакай шикастагӣ буд. | It was already broken when I arrived. |
Ин хона хело серғавғо/хунук/қимат аст. | The apartment is too noisy, cold, expensive. |
Чанд кас омаданианд? | How many people are going to come? |
Tajik-English Phrasebook. Rent an apartment
- Информация о материале
- Категория: Tajik-English Phrasebook
- Просмотров: 941
- 1. Функции СУБД MySQL. Введение
- 1. Функции работы с классами/объектами. Введение
- 1. Функции преобразования кодировок iconv. Введение
- 1. Функции обработки строк. Введение
- 1. Функции для работы с регулярными выражениями. Введение
- 1. Функции для работы с массивами. Введение
- 1. Функции для работы с Oracle. Введение
- 1. Функции сжатия Bzip2. Введение
- 1. Функции сжатия Zlib. Введение
- 1. Управление функциями. Введение