In Tajik | In English |
Шумо донишҷӯ (студент)? / Ту донишҷӯ (студент)? | Are you a student? |
Ман донишҷӯ / Ман довталаб | I'm a student / I'm an applicant |
Ман ғоибхон | I'm a correspondence student. |
Дар кадом донишгоҳ ту таҳсил мекунӣ? / Дар кадом донишгоҳ шумо таҳсил мекунед? | What university do you study at? |
Ман дар курси сеюми донишгоҳи давлатӣ таҳсил мекунам. / Ман донишҷӯи соли сеюми донишгоҳи давлатӣ мебошам. | I'm a third year student at the State University. |
Ман дар курси якуми донишгоҳ мехонам. | I'm a first-year student at the university. |
Ман ба наздикӣ донишгоҳро хатм намудам. | I recently graduated from university. |
Ман ҳеҷгоҳ дар донишгоҳ таҳсил накардаам. | I never studied at university. |
Шумо дар кадом факултет таҳсил мекунед? | At which faculty do you study? |
Ман дар факултети ... мехонам. | I'm studying at ... faculty. |
Шумо дар куҷо мехонед (таҳсил мекунед)? / Ту дар куҷо мехонӣ? | Where are you studying? |
Ман дар мактаб мехонам. | I'm in school. |
Шумо чиро меомӯзед? / Ту чиро меомӯзӣ? | What do you study? |
Ман забони олмонӣ, сиёсатшиносӣ, меъмориро меомӯзам. | I study German, political science, architecture. |
Ман таърих, иқтисод, тибро меомӯзам. | I study history, economics, medicine |
Ту дар чандум курс мехонӣ? | What course are you studying at? |
Ман дар курси сеюм мехонам. | I'm in my third year. |
Муаллим / Муаллима | Teacher / Teacher |
Ректор / Декан | Rector / Dean |
Дотсент / Профессор | Associate Professor / Professor |
Омӯзгор | Teacher (practitioner) |
Лексия / Машғулияти амалӣ / Кори лабораторӣ | Lecture / Practical work / Laboratory work |
Шумо кор мекунед ё мехонед? | Do you work or study? |
Ман кор мекунам. / Ман мехонам. / Ман ҳам кор мекунам ва ҳам мехонам. | I work / I study / I work and study at the same time. |
Касби шумо чист? | What is your profession? |
Шумо дар куҷо кор мекунед? | Where do you work? |
Ман аз мактаб дар шонздаҳсолагӣ рафтам. | I left school at the age of sixteen. |
Ту мактабро дар куҷо хондаӣ? | Where did you go to school? |
Ман мактабро дар Тоҷикистон хондаам. | I went to school in Tajikistan. |
Ту боз чанд сол таҳсил мекунӣ? | How old are you yet to learn? |
Баъди хатм чӣ кор карданӣ ҳастӣ? | What are you going to do when you're done? |
Ба кор даромадан / Кор кардан | Apply for a job |
Ман ҳоло намедонам, ки баъди донишгоҳ чӣ кор мекунам? | I don't know yet what I will do after university |
Tajik-English Phrasebook. Study. Education
- Информация о материале
- Категория: Tajik-English Phrasebook
- Просмотров: 896
- 1. Функции СУБД MySQL. Введение
- 1. Функции работы с классами/объектами. Введение
- 1. Функции преобразования кодировок iconv. Введение
- 1. Функции обработки строк. Введение
- 1. Функции для работы с регулярными выражениями. Введение
- 1. Функции для работы с массивами. Введение
- 1. Функции для работы с Oracle. Введение
- 1. Функции сжатия Bzip2. Введение
- 1. Функции сжатия Zlib. Введение
- 1. Управление функциями. Введение